Дар арафаи ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Кӯлоб чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ВАО-и кишвар, собиқадорону фаъолони соҳаҳои гуногуни шаҳри Кӯлоб ширкат варзиданд.
Дар оғози чорабинӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ба чанде аз фаъолони шаҳр ва меҳмонони чорабинии идона китобҳои Пешвои муаззами миллатро тақдим намуданд. Сипас, меҳмонону иштирокчиён бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои зан-модарони тоҷик дар тарбияи фарзандони фарзонаи миллат дар назди Муҷассамаи “Дуои модар” гулу гулчанбарҳои хотиравӣ гузоштанд. Баъдан, роҳабрияти шаҳри Кӯлоб, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва адибону рӯзноманигорон оид ба саҳми модарон дар тарбияи фарзанд, рушди ҷомеаи соҳибистиқлол ва татбиқи ҳадафу ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон ибрози андеша намуданд.
Дар идомаи рӯз дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб ба номи Рустам Абдураҳимов маросими расмии бахшида ба 30-солагии иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Нахуст меҳмонону иштирокчиён аз намоиши асарҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳравар гардиданд. Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ифтитоҳ бахшида, меҳмонону иштирокчиён ва кулли сокинони Тоҷикистонро ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрику муборак бод намуда, изҳор дошт, ки ҳамасола дар кишварамон санаи 16-уми ноябр ҳамчун ҷашни муқаддас барои миллату давлати мо бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Ба гуфтаи мавсуф санаи баргузори Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун Иҷлосияи тақдирсоз эътироф гардидааст, барои наслҳои имрӯзу ояндаи мо ҳамчун рӯзи фархундаи миллат ва тантанаи адолат азизу арзишманд арзёбӣ мегардад. Зикр гардид, ки бузургтарин хизмати Иҷлосисияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ба ҳайси роҳбари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо иродаи қавӣ ва матонату ҷасорати фавқуллода пайи раҳонидани Тоҷикистон аз фоҷеаи миллӣ саъю кӯшишҳои беназир намуда, Ватанро аз парокандагӣ ва мардуми онро аз ҳиҷрати иҷборӣ наҷот бахшида, зиёда аз 1 миллион гурезаҳоро ба Ватан баргардонид.
Дар чорабини инчунин иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон директори ТВ - “Кӯлоб” Сафаралӣ Бозорзода, устоди ДДК ба номи А. Рӯдакӣ Зафар Мирзоён, шоираи тоҷик Хосият Вализода, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Пайк” Аҳмади Иброҳим суханронӣ намуда, оид ба нақши Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, худшиносии халқи тоҷик ва эҳёи давлати соҳибистиқлол андешаву таассуроти хешро изҳор доштанд.
Дар ин рӯз аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Кӯлоб ба чанд нафар аз вакилони Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар собиқадорони меҳнат туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин, дар вазъияти тантанавӣ як зумра фаъолони соҳаҳои гуногуни шаҳри Кӯлоб бо Ифтихорномаи раиси шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.
Баъдан, ба хотири ёдоварӣ ва баҳрамандии иштирокчиёни чорабинии мазкур наворҳои таърихӣ аз лаҳзаҳои ҳасоси Иҷлоссияи тақдирсоз ва пайроҳаи дар арсаи сиёсат тай намудаи Пешвои муаззами миллат пешкаши ҳозирин гардид. Дар фарҷоми маросими идона аҳли фарҳанг ва санъаткорони вилояти Хатлон барномаи театрикунонидашудаи хешро пешкаши тамошобинон намуданд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН, Далер Шарифов, шаҳри Кӯлоб