Дар низоми Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бонувон беш аз 1500 нафарро ташкил медиҳанд, ки ҳудуди 700 нафари онҳо ҳайати миёна ва калони роҳбарикунанда мебошанд, иттилоъ медиҳад сомонаи halva.tj.
Бино ба иттилои манбаъ, аз теъдоди умумии онҳо 92 зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда буда, ҳамчун сардори шуъбача то муовини сардори раёсат пайи иҷрои вазифаҳои хидматианд. Инчунин 456 нафар дорои рутбаҳои махсуси ҳайати калони роҳбарикунанда – аз майор то рутбаи полковники милитсия мебошанд. Гуфта мешавад, ки аз ин теъдод 13 нафарашон дорои рутбаи полковники милитсия мебошанд.
Тавре Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ таъкид медорад, саҳми бонувон дар мақомоти корҳои дохилӣ арзишманд буда, устуворонаву ҷасурона пайи иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола 10-уми ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи милитсияи тоҷик бошукўҳ таҷлил мегардад.