Санаи 9- уми ноябри соли 2022 дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар Конференсияи илмӣ- амалӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон" баргузор гардид.
Конференсияи мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ДДБ ба номи Носири Хусрав ба роҳ монда шуда, дар он вакилони иҷлосияи тақдирсоз, Олимону донишҷӯён ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок доштанд.
Дар оғози Конференсия меҳмонон дар намоиши асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан намуданд.
Дар Конференсияи илмӣ амалии "Нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон" нахуст раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба мавзӯи Иҷлосияи XVI Шурои Олии мамлакат- пойдевори давлатдории миллии тоҷикон маърӯза намуд.Ҳамчунин, дар Конфронс вакилони Иҷлосияи тақдирсоз Афзалов Ғайбулло, Адолат Раҳмонова ва дигар меҳмонони расмӣ оид ба аҳамияти таърихии иҷлосияи 16- умин Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, " Сабақҳои таърихии иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ибрози андеша намуданд.
Дар идомаи Конференсия ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбонов, дар мавзуи “Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - таҳрикдиҳанда ва сароғози эҳё, рушд ва дастовардҳои беназири соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ кард.
Тибқи иттилоъ дар қисмати дуввуми Конфронси илмӣ- амалӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ кор дар гӯруҳо идома ёфта, иштирокчиён мавзӯъҳои “Иҷлосия ва сиёсат”, “Иҷлосия ва раванди қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ” ва" Бозтоби Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд.
Ҷамолиддини САЙФИДДИН, Далер ШАРИФОВ шаҳри Бохтар