Ҳамасола 7 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ бори аввал дар ҳамин рӯзи соли 1929 театри тоҷик ба фаъолият оғоз намуд. Ин театри драмавӣ буд, ки баъдтар соли 1933 ба ифтихори адиби машҳур Абулқосим Лоҳутӣ номгузорӣ карда шуд, ки мавсуф дар ташкил ва таъсиси театри тоҷик нақши бузург гузоштааст. А. Лоҳутӣ нахустин шуда, драмаҳои Шекспирро маҳз барои ба саҳна гузоштан, ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Саънаи 5- ноябри соли 202 дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар Рӯзи театр бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Аз субҳи барвақт саҳни театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо шиору овезаҳои таҷассумкунади нақши театр дар тарбияи маънавии ҷомеа, ҷашнгоҳи оростаро мемонд.
Чорабинии идона бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, меҳмонону ҳунармандон ва мухлисони театр, дар саҳни Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар оғоз ёфта, ҳунармандон меҳмонону иштирокчиёнро бо садои савту наво ва рақсу сурудҳои дилангез истиқбол гирифтанд.
Маросими расмии бахшида ба Рӯзи театри тоҷикро муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ бо сухани табрикӣ ифтитоҳ намуда, аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии ҳунармандон ва рушди санъати театр дар вилояти Хатлон ёдовар гардид. Мавсуф иброз дошт, ки театр дар ҳар давру замон тарғибгари ғояҳои баланди инсонӣ ва тараннумгари фарҳангу ҳунари асили мардумӣ буда, нақши он дар ташаккули маънавиёти ҷомеа басо муҳим арзёбӣ мегардад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон заҳмату талошҳои кормандони соҳаи фарҳанг, ба хусус, ҳунармандони театрро қадрдонӣ намуда, дар доираи имкониятҳои ҷойдошта аҳли эҷодро пайваста дастгирӣ менамояд.
Мавриди зикр аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати театри тоҷик боло рафта, барои кормандони соҳа шароити муносиби корӣ фароҳам оварда шуд.
Дар идомаи чорабинӣ бахшида ба Рӯзи театри тоҷик аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба як қатор кормандони театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, театри вилоятии «Лухтаки афсона»-и шаҳри Бохтар инчунин дигар ҳунармандон бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Баъдан, порчаҳо аз намоишномаҳои гуногуни театрии ҳунармандони вилояти Хатлонпешкаши меҳмонону мухлисони театр гардонида шуд. Мавриди зикр аст, ки Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар аз кӯҳантарин театрҳои кишвар маҳсуб меёбад, ки тӯли фаъолияти чандисола бо ба саҳна гузоштани асарҳои ҷолиб дар тарбияи маънавӣ ва маърифатнокии ҷомеа саҳми ниҳоят муҳим мегузорад.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН, Далер ШАРИФОВ, шаҳри Бохтар