Шуруъ аз моҳи ноябри соли 2022 бори аввал дар ҷумҳурӣ кӯдакони думоҳаро бо вояи якуми ваксинаи зидии сирояти пневмококкӣ воякӯбӣ намуданд. Ба ин мақсад 273 ҳазору 200 вояи ваксинаи “Синфлорикс” ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст, иттилоъ медиҳад сомонаи нашрияи Тоҷикистон pressa.tj
Бино ба маълумоти ин манбаъ, масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар хабари мазкурро дар нишасти хабарии вижае дар Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика изҳор намудаанд.
Сирояти пневмококкӣ яке аз мушкилиҳои ҷиддии тандурустии ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, боиси афзоиши бемориҳои вазнин, ба монанди менингит, сепсис ва илтиҳоби шуш, инчунин бемориҳои сабуктаре чун отити гӯш, синусит ва бронхит мегардад. Бар асоси арзёбиҳои СҶТ ҳар сол дар дунё беш аз ним миллион кӯдаки то 5-сола аз бемориҳои пневмококкӣ мефавтанд.
Мувофиқи Тақвими миллии иммунизатсия, кӯдакон ваксинаи зидди сирояти пневмококкиро (ВПК) дар синни 2, 4 ва 12-моҳагӣ қабул мекунанд. Таъкид гардид, ки шуруъ аз 1-уми ноябр он кӯдаконе эм карда мешаванд, ки то ин сана ба 2-моҳагӣ расида бошанд. Маҳз ин кӯдакон бо навбат пас аз гирифтани вояи 1-ум вояҳои дуюм ва сеюми ин ваксинаро бояд аз рӯи муҳлатҳои дар Тақвими миллии иммунизатсия муайяншуда гузаранд. Яъне, барои пурра таъмин намудани масунияти қавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ ҳар кӯдак бояд се вояи ваксинаи мазкурро қабул кунад.
Маврид ба ёдоварист, ки то имрӯз 161 кишвари олам аз чунин намуди эмгузаронӣ истифода менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати 162-юм ба шумор хоҳад рафт.