2 ноябри соли 2022 дар идомаи сафарӣ корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар нахуст бинои иловагии таълимӣ, табобатӣ ва хобгоҳи донишҷӯёни Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббию иҷтимоии шаҳри Бохтар”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нави муассиса бо дарназардошти талаботи муосир бунёд гардида, дар он барои илмомӯзиву истиқомати донишҷӯён ва табобати беморон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дохили иншоот ва намои берунаи он бо санъати баланди меъморӣ оро ёфтааст. Аз ҷумла, дар иншооти мазкур 25 синфхонаи таълимӣ бо 400 ҷойи нишаст ташкил гардида, синфхонаҳо бо асбобу аёниятҳои замонавии таълимӣ муҷаҳҳаз шудааст.
Дар бино кафедраҳои фармасевтӣ ва ҳамширагӣ ҷойгир буда, ҳамчунин 9 толори алоҳидаи лексионӣ дар дохили он ҷой дода шудааст, ки бо истифода аз чунин имконоти мусоид минбаъд сатҳу сифати таълим дар коллеҷ боз ҳам баландтар бардошта мешавад.
Бознашр аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон