Маросими қадрдонии ғолибони Озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва “Илм фурӯғи маърифат” дар шаҳри бостонии Кӯлоб.
Дирӯз 1-уми ноябри соли 2022 дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб маросими тантанавӣ бахшида ба дастовардҳои ғолибони Озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва “Илм фурӯғи маърифат” баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳру минтақаи Кӯлоб, сарварони муассисаҳои оливу касбӣ ва таҳсилоти миёнаи умуӣ ва дигар меҳмонону зиёиёни шаҳри бостонии Кӯлоб иштирок намуданд.
Нахуст шаҳдории Кӯлоб Бахтиёр Назарзода оид ба ташаббусҳои ояндасози Пешвои муаззами миллат ҷиҳати таъссис озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки ба баланд бардоштани маърифатнокӣ ва ташаккули завқу истеъдоди мардум ба вижа наврасону ҷавонон нигаронида шудааст, ибрози андеша намуд. – Инчунин озмунҳои илмӣ фарҳангӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ва умуман таърихи халқи тоҷик беназиру ва моҳиятан муҳиму ояндасоз арзёбӣ мегардад. Хушбахтона, дар ин озмунҳо марудми шаҳри Кӯлоб фаъолона ширкат варзида муваффақиятҳои зиёд ба даст оварда истодаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” танҳо аз шаҳри Кӯлоб 27 - нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд. Ҳамчунин, дар даври ҷумҳуриявии Озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” 15 - нафар довталабон аз шаҳру деҳоти Кӯлоб ширкат варзида, 3 -нафари онҳо дар номинатсияҳои гуногун ҷойи 3-юм ва 10 -нафар созовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Бо ин муносибат дар маросими тантанавӣ ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.
Далер Шарифов, Ҷамолиддин Сайфиддин шаҳри Кӯлоб