Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарпараст дар доираи ҳамкорӣ аз ҷониби Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Литсейи хизмат ва туризми шаҳри Душанбе маркази омӯзишии таҷрибавии пазандагию хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид, иттилоъ медиҳад Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Таъсиси маркази омӯзишии таҷрибавии пазандагию хизматрасонӣ барои босифат гузаронидани машғулиятҳои дарсӣ ва омода кардани кадрҳои ихтисосманд мусоидат менамояд.
Марказ аз синфхонаи дарсҳои амалӣ ва синфхонаи дарсҳои назариявӣ ва як утоқи нигоҳдории ашёҳо иборат буда, бо таҷҳизотҳои муосир ҷиҳозонда шудаанд. Дар баробари ин омӯзгорону касбомӯзон имкон доранд, ки дар шароити муосири таълимӣ аз рӯи ихтисоси пазандагӣ дарси маҳорат гузаронанд.
Тарбияи мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ ва пешниҳоди хизматрасонии сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳадафи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳии кишвар ба ҳисоб меравад.
Мавриди зикр аст, ки Литсейи хизмат ва туризми шаҳри Душанбе аз соли 2008 фаъолияти худро дар соҳаи сайёҳӣ ба роҳ монда, имрӯзҳо аз рӯи ихтисосҳои “Туроператор”, “Турагент”, “Роҳбалад”, “Ошпаз-қаннод”, “Ошпази таомҳои хориҷӣ”, “Системаи компютерӣ ва интернет технология”, “Ҳисобдор бо донистани компютер”, “Фурӯшанда-ташкилотчӣ” ва “назоратчӣ-фурӯшанда” мутахассисонро омода месозад.
Дар Литсей хонандагон дар заминаи синфи 11-1 сол ва дар заминаи синфи 9-2 сол таҳсил менамоянд.
С. Ашӯрова