Моҳи сентябри соли равон дар вилояти Хатлон 33 хонавода ба парвариши замбурӯғи хӯрданибоб дар шароити хона ҷалб гардида, аз ин ҳисоб қариб 5000 сомонӣ даромад ба даст овардаанд. Онҳо ният доранд, ки то охири сол мизоҷонро бо замбурӯғҳои садафӣ ва консерваи он таъмин намуда, рушди ин соҳаро дар вилоят тақвият бахшанд.
Дар доираи Лоиҳаи оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар чаҳорчӯбаи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” 33 оила ба омӯзиши замбурӯғпарварӣ љалб гардида, ба онҳо 100 қуттигӣ компостҳои замбуруғӣ дода шуд.
Гулбаҳор Бозорова, сокини деҳаи дурдасти ноҳияи Носири Хусрав дар хона ба таври инкубатсионӣ парвариши замбурӯғро ба роҳ монда, моҳҳои сентябр ва октябр аз 100 халта компостҳои замбурӯғӣ то 160 килограмм ҳосил ба фурӯш баровард, ки даромадаш аз ин ҳисоб беш аз 4000 сомониро ташкил дод.
Мувофиқи дастурамал ҳар як компосте, ки дохили он нуриҳои маъданӣ ва тухмии замбурӯғ пур карда шудааст, дар сурати дуруст ба роҳ мондани парвариш он то 3 килограмм замбурӯғ ҳосил медиҳад.
С. Ашӯрова