Мувофиқи маълумоти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 то 30 октябр дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2022» баргузор мегардад.
Дар намоишгоҳ ширкатҳо аз Тоҷикистон, Россия, Узбекистон, Олмон, Покистон, Эрон ва Туркия иштирок мекунанд.
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкатҳои молистеҳсолкунанда ва хизматрасонии ватаниро барои ширкат дар намоишгоҳ ва муаррифии молу махсулоти худ даъват мекунад.