Дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар мавзӯи «Ҳуқуқи кӯдак ва таълиму тарбияи он дар оила» ҳамоиш баргузор гардид. Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Зарина Зуҳурова хабар дод. Дар ҳамоиш мутахассисони бахши хуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, омӯзгорон, равоншиносон, табибон ва коршиносону мухаққиқон ширкат варзиданд.
Зикр шуд, ки ҳифзу ҳимояи оила, кӯдак ва волидайн дар меҳвари давлатдории навини тоҷикон қарор дошта, рукни муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад.
«Фарзандон беҳтарин воситаи бақои оила ва сарчашмаи асосии хушбахтии мо мебошанд. Аз ин сабаб, барои тарбияи дурусти онҳо муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст»,-иброз дошт Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Зарина Зуҳурова.
Зикр шуд, ки ҳадафи ҳамоиш- ҳимояи манфиатҳои кӯдакон, баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокии онҳо, инкишофи зеҳнӣ, тансиҳатӣ, таъмини ҳаёти осоишта, риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар рӯҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар шаҳри Душанбе бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 26 июли соли 2021 тасдиқ гардидааст.