7-уми октябри соли 2022 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон маросими ҷоизасупории барандагони Озмуни ҷумҳуриявии «Фарзанди Тоҷикистонам!» баргузор гардид.
Маросими тантанавиро сармуҳаррири маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" Шоҳона Одиназода ифтитоҳ намуда, оид ба мақсаду мароми баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фарзанди Тоҷикистонам!» ибрози андеша намуд.
Зикр гардид, ки ин озмун аз ҷониби Муассисаи давлатии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихиву тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, аз оғози соли 2022 шуруъ гардида, имрӯз натиҷагирӣ мешавад.
Сипас, Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада, оид ба аҳамияти баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фарзанди Тоҷикистонам!» изҳори ақида намуд. Сипас, маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон оғоз гардид.
Мавриди зикр аст,ки ҷиҳати ширкат дар ин озмун ба унвонии маҷалла беш аз 150 маводи гуногуни муаллифон ворид гардид, ки аз ин шумора 30 мақолаи беҳтарин рӯи чоп омад.
Маҳз пешниҳоди матлабҳо аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа ва инъикоси гуногунмазмуни матлабҳо ба рафти озмуни мазкур ҷилои тоза бахшид. Дар озмун намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз қабили вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни давлатӣ, фаъолони ҳизб, олимон, адибон, омӯзгорон, донишҷӯён, магистрону журналистони касбӣ, то хонандагони одии маҷалла фаъолона ширкат варзиданд.
Мақолаҳо дар жанрҳои гуногун таълиф шуда, аз рафти Иҷлосияи таърихӣ, интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат, нахустин мусоҳибаҳо бо вакилони иҷлосияи мазкур, қарорҳои қабулнамудаи вакилон ва дигар мавзуъҳо қисса менамоянд. Ҳамчунин, ҳангоми таҳияи матлабҳо муаллифон дар баробари дастовардҳо ва дигар комёбиҳои истеҳсолию фарҳангии таърихи 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин симои бузургу неруманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро инъикос намудаанд.
Ҳамчунин, дар маросими ҷамъбасти озмуни мазкур барои ҳамкории судманд ва фаъолияти назаррас дар инъикоси фаъолияти маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» як қатор шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ бо сипосномаи Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» қадрдонӣ гардиданд.
Дар охири чорабинӣ суруду таронаҳои ватандӯстонаи аҳли ҳунару санъати кишвар пешниҳоди ҳозирин карда шуд.
Далер Шарифов