Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи мазкур Маркази «Сад ранги чакан» ифтитоҳ ёфт. Дар партави сиёсати бунёдкорона ва ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бонувони ҳунарманди кишвар рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои соҳибкасб гардондани ҷавондухтарон ва бо ҷойи кор таъмин кардани бонувони хонашин тасмим гирифтанд, ки маркази «Сад ранги чакан»-ро ба истифода диҳанд.
Тибқи иттилои роҳбари марказ Гулбарг Боқиева 20 нафар бонувон ба ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд. Чакан бо сифатҳои маҳину зебову дилрабо ва арзиши ҳазорсолаву куҳанаш диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намуда, ҳамчун мероси ғайримоддии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ маъруф гаштааст.
Аввалин намунаи таърихии чакани аҷдодиро, ки ба асри III-и мелодӣ мутобиқ медонанд, бостоншиносону муҳаққиқон дар ҳудуди деҳаи Иттифоқи ноҳияи Фархор дастрас намудаанд. Дар он кашфиёти таърихӣ - расми «Дарахти ҳаёт» бо услуби классикӣ гулдӯзӣ шудааст. Ин кашфиёт муайян сохт, ки фарҳанги чакандӯзӣ сарчашмаи худро аз водии Кӯлоб оғоз намудааст.