Ҷиҳати пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, аз байн бурдани хурофотпарастию бегонапарастӣ, роҳ надодан ба зиёдаравӣ, барпо намудани оилаи солим ва нест кардани хушунат дирӯз аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Оилаи солим-ҷомеаи солим» Конференсияи назариявӣ-амалӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар он масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муҳаққиқон, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ҷавонони гуногункасб ширкат варзиданд. Зимни ифтитоҳи ҳамоиш муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода иброз дошт, ки оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.
«Оила рукни муҳими пойдории ҷомеа буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи оила таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид менамоянд, ки «оила дар ҳама давру замон муқаддас ва рукни ибтидоиву асосии давлат ҳисобида мешавад. Аз ин рӯ, барпо намудани оилаҳои комилу мустаҳкам вазифаи аҳли ҷомеа ва волидайн мебошад»,- гуфт мавсуф.
Зикр шуд, ки бо мақсади таъмини ҳуқуқҳо ва кафолати баробарии воқеии мардону занон, пешгирии зӯроварӣ дар оила дар мамлакат якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба мисли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва дигарҳо қабул шудаанд.
Оила дар ҳифзи саломатӣ, тарбияи фарзандон, таъмини раванди рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва демографӣ дар ҷомеа нақши муҳим мебозад. Агар оила мустаҳкаму пойдор ва аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ солим бошад, ҷамъият ҳам рушд мекунад. Барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, устувор гардонидани давлати мутараққӣ ва таъмини ташкили қонунии оила низоми босуботи он дар сатҳи талаботи замон, баланд бардоштани маданият ва масъулияти оиладорӣ, тарбияи насли солим ва арзандаи халқу Ватан муҳимтарин вазифаи инсонӣ, қарзи виҷдонӣ ва шарти имондории ҳар фарди бошууру ватанпарвари тоҷик ба шумор меравад.
Иштирокдорони Конференсияи назариявӣ-амалӣ инчунин доир ба танзими муносибатҳои оиладорӣ ва пешгирии ҳама гуна омилҳои номатлуб, ки ба вайроншавии оилаҳо оварда мерасонанд, ҳарф заданд.