Дирӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи барномаи «Татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои котибони комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ машғулияти такмили ихтисос ифтитоҳ гардид, дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар расми ифтитоҳи он Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, муовини Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, Директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Ибодат Ғанизода ва намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ректори Академия Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳифз ва таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон, фароҳам овардани шароит барои рушди муносиб ва таълими онҳо ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян карда шудааст. Дар ҷумҳурӣ дастгирии низоми ҳуқуқҳои кӯдакон ҳам дар сатҳи қонунгузорӣ ва ҳам институтсионалӣ амалӣ карда мешавад.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро соли 1993 ба тасвиб расонда, иҷрои уҳдадориҳои дар ин санад зикршударо ба зимма гирифт. Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак яке аз аввалин конвенсияҳое мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ онро ба тасвиб расонид ва уҳдадориҳои ҳақиқии худро барои насли ҷавон ҳамчун ояндаи дурахшони кишвар нишон дод. Тибқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, ҳар шахси аз 18-сола хурд кӯдак ба шумор меравад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон» аз 18 марти соли 2015 қабул шуда, фарогири ҳамаи ҳуқуқҳои кӯдакон аст. Инчунин дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2017-2021 қабул шудааст.