Ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри бостонии Кӯлоб маросими бошукӯҳи идона баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 40 ҳазор сокинону меҳмонон бо рӯҳияи болидаву ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ширкат варзиданд.
Маросими идонаи “Файзи Истиқлол” аз намоиши дастовардҳои илмиву фарҳангӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ мардуми шарафманди шаҳри Кӯлоб ҳусни оғоз ёфта, меҳмонон аз кашфиётҳои олимону маҳсули эҷодии адибон ва натиҷаҳои истеҳсолии соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва дигар самтҳои хоҷагии халқи шаҳри Кӯлоб ошноӣ пайдо намуданд.
Аз ҷумла, намоишгоҳи дастовардҳои илмиву эҷодии муасссиаҳои олии таълимӣ, колеҷу омӯзишгоҳ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Кӯлоб баёнгари фароҳам гардидани шароиту имкониятҳои мусоид ҷиҳати рушди илму маориф арзёбӣ мегардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ олимону пажӯҳишгарон ва устодони забардасти риштаҳои гуногуни илму адаб бо эҷоди садҳо асарҳои илмиву бадеӣ дар рушду нумӯи самтҳои гуногуни соҳаи маориф саҳми арзандаи худро гузоштаанд.
Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, ки миллати тамаддунофари тоҷик бо эҳёи дубора фарҳанги волои ниёгони худро рушду нумӯъ бахшида, гулу чакандӯзи гулбасту бофандагӣ ва дигар ҳунарҳои қадимии халқи тоҷикро ҳамчун мероси фарҳангии башар муаррифӣ намуданд. Қобили зикр аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ маҳсули ҳунарҳои қадимии пешаварону кадбонуҳои чирадасти Кӯлоби бостонӣ ба ҳусни намоишгоҳҳои фарҳангӣ ва иду ҷашнвораҳои миллӣ шукуҳу шаҳомати хоса мебахшанд.
Дар ин рӯз ҳамчунин, саноатчиёну кишоварзон ва намояндагони идораву такшилотҳои гуногуни шаҳр беҳтарин намунаҳои истеҳсолиии худро пешкаши меҳмонону иштирокчиён гардонида буданд.
Баъди намоиши дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар Маҷмӯаи фарҳангии Амфитеатри шаҳри Кӯлоб маросими расмии бахшида ба ҷашни 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр меҳмонону сокинонро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ табрику муборакбод намуда, иброз дошт, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон, аз ҷумла, сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб бо шукргузорӣ из сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳми арзанда гузоштан дар корҳои ободонӣ ва рушду нумӯи Ватани азизро вазифаи муқаддаси хеш дониста, баҳри ҳифзи