Саврибегим Ёрмамадова ва Муқаддас Қурбонова - устодони факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар 15-умин Форуми байналмилалии занони ихтироъкор дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ ширкат варзида, бо Шоҳҷоиза ва медали тилло ба Ватан баргаштанд.
Форуми мазкур аз 24 то 27 август доир гардида, дар самти «Истифодаи пайвастаҳои комплексии рӯҳ ҳамчун маводи доруворӣ зидди бемориҳои ғадуди сипаршакл» ва «Истифодаи хуллаҳои алюминий бо бериллий дар саноати мошинсозӣ» ихтироот намуда, дар нишастҳои омӯзишӣ миёни мутахассисони сатҳи байналмилалӣ баррасӣ намудаанд. Пас аз таҳлили мутахассисон бонувони ихтироъкор бо Шоҳҷоиза ва медали тилло қадрдонӣ шуданд.
Гуфта мешавад, ки ихтирооти бонувони тоҷик дар ҷодаи илми химия маводи тоза ва ҷавобгӯ ба талаботи илми ҷаҳонӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки форуми байналмилалии занони ихтироъкор дар Кореяи Ҷанубӣ – шаҳри Сеул солҳост, ки бо ташаббуси Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ доир мегардад. Имсол 15-умин форуми мазкур аз 24-ум то 27 август баргузор шуда, аз байни 30 давлати аъзои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ 500 нафар ихтироъкор иштирок кардаанд.
С. Ашӯрова