Ба ифтихори 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 8 - 9 сентябр дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе барномаҳои гуногуни фарҳангию ҳунарӣ, сайру гашти оммавӣ ва намоишҳои ҷолиб баргузор мегардад, хабар медиҳадл АМИТ «Ховар».
9 сентябр аз соати 09.00 то 11.00 дар Боғи «Ирам» ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ва Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ барномаи театрӣ ва суруду мусиқии дилангезро пешкаши сокинон ва меҳмонон мегардонанд. Дар ин рӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Кӯли ҷавонон» Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертии Вазорати фарҳанги кишвар барномаи ҷолиби фарҳангиро манзури сокинон менамояд. Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ва ансамбли «Сомон» дар майдончаи фарҳангии хиёбони Сино барномаи фарҳангӣ ва рақсҳои тоҷиконаро манзур мегардонанд. Ҳамчунин, дар ин рӯз Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо», Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати То