Аз 1 то 4 сентябр ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ барои дарёфти ҷоизаҳои Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Монтреал-1976 Зебунисо Рустамова баргузор шуд. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мусобиқа варзишгарон аз шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон ширкат карданд. Фар масофаи 50м+30м миёни бонувон Фотима Зулфиқорбекова аз Душанбе ғолиб шуд. Амина Хуршедзода (Душанбе) ҷои дуюм, Томирис Раҳимова аз дастаи Суғд ҷои сеюмро сазовор шуданд. Дар ҳамин масофа миёни мардҳо Фаррух Қурбонов аз Душанбе ҷойи аввалро сазовор гашт. Намояндагони дастаи Суғд Бахтовар Каримов ва Муқимҷон Ҳайдаров ҷойҳои дуюму сеюмро ба даст оварданд. Дар масофаи 60 метр ҷуфти омехта дугонаи Мадина Ҷураева/ Абдумалик Ғаниев ҷойи аввал ва ҷуфти Азиза Юсупова/Дилшоди Бахтиёр ҷойи дуюмро сазовор гардиданд. Дар масофаи 70 метри даври олимпӣ миёни бонувон Фирӯза Зубайдова аз Душанбе пирӯз гардид. Мавзуна Азимова аз дастаи Суғд ҷои дуюм, Мадина Раҷабова аз Душанбе ҷойи сеюмро гирифтанд. Дар ҳамин масофа миёни мардон ҳар се ҷои ифтихориро намояндагони вилояти Фарғона: Шоҳҷаҳон Абдулҳамидов - ҷои якум, Келдиёр Ҳасанов - ҷои дуюм ва Тигран Эсанов ҷои сеюмро сазовор шуданд. Дар рақобати ҷуфти омехта дар масофаи 70 метр ҷуфти Фирӯза Зубайдова (Душанбе) / Келдиёр Ҳасанов (Фарғона) ҷои аввал, ҷуфти Мавзуна Азимова (Суғд) / Тигран Эсанов (Фарғона) ҷои дуюм, ҷуфти Мадина Раҷабова (Душанбе) / Шуҳрат Муҳаммадиев (Душанбе) ҷои сеюмро ба даст оварданд.