Дар қаламрави Тоҷикистон аз 1 то 10 сентябри соли равон амалиёти «Бачаҳо» бо мақсади таъмини бехатарӣ дар роҳ баргузор мегардад, ки он аз ҷониби Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ роҳандозӣ мешавад.
Ин иқдом баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон амалӣ карда мешавад. Дар ҷараёни амалиёти «Бачаҳо» масъулин аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват ба амал меоранд, ки дар баргузории он фаъолона ширкат варзанд.
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.
С. Ашӯрова