Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (№ РП- 242, аз 29 июли соли 2022) аз 14 то 18 октябри соли равон Бозиҳои XVI Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар шаҳри Душанбе баргузор менамояд.
Тибқи қарори Шурои Сарони кишварҳои узви ИДМ аз 18 декабри соли 2020, чорабинии мазкур бахшида ба эълон гардидани «Соли ҳунарҳои мардумӣ ва мероси фарҳангӣ дар ИДМ» ва 20-солагии Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мешавад. Масъули баргузории чорабинӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Бозиҳои Делфӣ буда, тартиб ва Низомномаи баргузории Бозиҳо дар сомонаи расмии Вазорат ва сомонаи Кумита (https://delphic.games) ҷой дода шудааст.
Баргузории чунин чорабинии фарҳангии байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии шоистаи фарҳангу санъати миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва тарғиби беҳтарин дастовардҳои фарҳангу санъати тоҷик мусоидат хоҳад кард.
Манбаъ: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
С. Ашӯрова