Дар о ғози моҳи сентябр дар Душанбе озмуни шаҳрии «Сафои хонадон» доир мешавад, ки он бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ мегардад. Озмуни мазкур бо мақсади муайян намудани беҳтарин оила вобаста ба тарбия ва маърифати экологӣ байни сокинони пойтахт гузаронида мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳадафи асосӣ аз баргузории ин озмун тарбияи экологии насли наврас, малакаи муносибати эҳтиёткорона ба манзил, дарки муносибати байни рафтори ҳаррӯзаи инсон ва муҳити зист, сифати зиндагии оила, аз ҷумла саломатӣ ва некуаҳволии аъзои он ва одамони дигар, корҳои маърифатӣ байни кӯдакон ва падарону модарони онҳо буда, маърифати экологии оилаҳоро инкишоф медиҳад. Озмун дар ду давра — ноҳиявӣ ва шаҳрӣ баргузор гардида, дар арафаи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷамъбаст мешавад. Дар он барои муайян намудани беҳтарин оила — вазъи кунунии манзилҳои истиқоматӣ, ҳолати биноҳои гирду атроф, кабудизоркунии назди биноҳои истиқоматӣ, нигоҳ доштани ҳолати тозагии манзилҳои истиқоматӣ, робитаи оилаҳо бо муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассиса