Санаи 19-уми августи соли равон дар шаҳри Бохтар Машварати августии маорифчиёни вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳуҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва мудирони шуъбаву бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, роҳбарону фаъолони муассисаҳои таҳсилоти оливу миёна ва дигар бахшҳои соҳаи маориф иштирок намуданд.Пеш аз маросими расмии Машварати августии кормандони соҳаи маориф дар саҳни Қасри Фарҳанги шаҳри Бохтар намоиши дастовардҳои маорифчиёни вилоят пешкаши меҳмонону иштирокчиён гардид. Дар ин рӯз ҳозирин аз намоиши адабиётҳои таълимӣ, асбобу ашёи методӣ барои омӯзгорон, намунаҳои лоиҳаҳои шарикони рушд дар самти рушди маориф баҳравар гардиданд. Сипас, дар толори Қасри Фарҳанг машварати августии маорифчиёни вилояти Хатлон оғоз гардид. Нахуст раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода суханронӣ намуда, оид ба бурду бохти соҳаи маорифи вилоят ибрози андеша намуд.
Зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат, масъалаи рушди соҳаи маорифро дар мадди аввал гузошта, ҷиҳати ҳаллу фасли онҳо аз тамоми имконияту шароитҳои мавҷуда истифода менамояд. Дар баробари ҳаллу фасли масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таъмини адабиёти таълимӣ инчунин, ҳамасола дар назди муасссиаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ даҳҳо синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода мешавад. Аммо бинобар афзоиши нуфуси аҳолӣ сол аз сол дар қиёс ба хатмкунандагони мактабҳо шумораи кӯдакони ба синфи якум қабулшуда нисбатан зиёд аст. Агар дар соли ҷорӣ муассисаҳои таълимии вилоятро 45 ҳазору 973 нафар хонандагони синфи 11 хатм карда бошанд, пас, шумораи кӯдакони ба синфи якум қабулгардида ба 102 ҳазору 274 нафар мерасад. Бинобар ин, ҳамасола дар шаҳру навоҳии вилоят талабот ба муассисаҳои наву замонавии таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ зиёд мешавад. Бинобар иттилоъ дар вилояти Хатлон 1365 муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд, ки дар он 817 ҳазору 200 хонандагон таҳсил доранд, ки аз ин 384 ҳазор нафари онро духтарон ташкил медиҳанд. Тибқи нақша чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят даҳҳо муассиисаҳои таълимӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту ашёи муосири дарсӣ ба истифода дода мешавад. Дар идома суханронӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода изҳор дошт, ки соли ҷорӣ хонандагони муассисҳои таълимии вилояти Хатлон дар даври ниҳоии Олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ то имрӯз 620 ҷойи ифтихориро соҳиб гаштаанд, ки аз инҳо 82 медали тилло, 184 медали нуқра ва 354 медали биринҷӣ мебошад, ки нисбати соли гузашта 195 медал зиёд ҷойҳои ифтихориро соҳиб гаштаанд. Инчунин, дастпарварони муасссиаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон дар олимпиадаи сатҳи байналмиллалӣ сазовори 61 ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки дар маҷмӯъ дастовардҳои толибилмон 681 ададро ташкил менамояд. Бори аввал муваффақияти Худойқулова Омина – хонандаи синфи 9, литсейи №1-и ноҳияи Восеъ ғолиби ҷойи аввали озмуни байналмилалӣ аз фанни забони англисӣ дар давлати Англия боиси фараҳмандии аҳли маорифи вилоят гардид.
Дар идомаи машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон вазири маориф ва илми Ҷумҳуҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро баромад намуда, бо ёдоварӣ аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашнҳои пуршукӯҳи кишвар дар баробари бунёди иншооти гуногнуи хизматарсонӣ, ҳамзамон, садҳо муассиаҳои нави таълимӣ сохта ба истифода дода шуд. Интизор меравад, ки дар доираи ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Хатлон даҳҳо муассисаҳои таълимӣ бунёд ва мавриди баҳрабардрӣ қарор дода мешаванд. Инчунин, дар рафти машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон аз ҷониби роҳбарияти вилоят ва Вазорати маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони Озмуну Ҷоизаҳои таъсисдодаи Раёсати маорифи вилоят Сипосномаву мукофотпулиҳо тақдим карда шуд. Нахуст, тибқи натиҷагирӣ аз дастовардҳои соҳаи маориф Ҷоизаи “Парчами сайёри ғолиб” бо мукофоти 20 ҳазор сомонӣ, ба раиси ноҳияи Данғара ва мудири маорифи ин ноҳия супорида шуд. Ҳамчунин, дар маросими тантанавӣ ба хотири ҳавасмандии насли наврас, хонандагоне, ки муассисаҳои таълимиро бо медали тилло ва нуқраи универсалӣ хатм намудаанд ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва ба устодони онҳо ба миқдори 3 ҳазор сомонӣ мукофопулӣ ва ба волидони хонандагон Ифтихорномаи ҳукумати вилояти Хатлон тақдим карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки имсол Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи касабаи вилоят Озмуни “50 номанитсияи беҳтарини маорифи Хатлон” –ро эълон карда буд, ки дар ин рӯз ҷамъбаст гардида, беҳтаринҳо бо ҷоизаву мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар идомаи маросими қадрдонии кормандони соҳаи маориф ҳамчунин ба собиқадорони соҳа, олмону пажуҳишгарон, роҳбарони муассисаҳои таълими оливу миёна, пешоҳангони Марказҳои рушди кӯдак ва технологияи информатсионӣ ва дигар нафароне, ки дар рушду пешрафти илму маориф саҳми арзанда гузоштаанд, бо унвони “Аълочии маориф ва илми”- Ҷумҳурии Тоҷикистон, диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
Далер Шарифов шаҳри Бохтар