Ҳунарманди Сирки давлатии Тоҷикистон Мастона Собирзода дар Фестивал-озмуни XIII байналмилалии сиркӣ таҳти унвони «Акси садои Осиё» сазовори ҷои сеюм, медали биринҷӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Раиси шаҳри Нур-Султон ва директори Сирки Беларусро соҳиб гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ин бонуи ҳунарманд миёни 50 нафар ҳунармандони ҷаҳонӣ дар номинаи «Алвон» (гимнастикаи ҳавоӣ) маҳорати воло нишон дод.
Бино ба гуфти муовини раиси Сирки давлатии мамлакат Қурбоналӣ Зоиров дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ бори аввал аст, ки намояндаи Тоҷикистон - Директори Сирки давлатии Тоҷикистон Бахтиёр Раҳматуллозода дар Фестивал-озмуни байналмилалии сиркӣ ҳакамӣ мекунад.
Маврид ба ёдоварист, ки аз 10 то 14 август дар Ҷумҳурии Қазоқистон Фестивали XIII байналмилалии ҳунарҳои сирки «Акси садои Осиё» баргузор шуд. Мастона Собирзода дувумин ҳунарманди Сирки тоҷик аст, ки дар озмуни мазкур ширкат меварзад.
С. Ашӯрова