Дар шаҳри Алматои Қазоқистон Намоишгоҳи ХХХ байналмилалии муд «Central Asian Fashion» ифтитоҳ ёфт, ки дар он бори нахуст маҳсулоти нассоҷии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Намояндагони Тоҷикистон ҳамчунин бо мақсади барқарор кардани робитаҳои мустақими тиҷоратӣ ва тавсеаи имконияти ҳамкорӣ дар вохӯриҳои b2b ширкат варзиданд.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти панҷ коргоҳи дӯзандагии Тоҷикистон - «Гулистони Душанбе», «ТоҷТекс», «Ортекс», «Раҳимов А.А.» ва «Ноҳид» (Истаравшан), ки аз либоси мардонаву занона, кӯдакона, трикотаж, либоси таҳпӯш, либоси варзишӣ ва либосҳои гуногуни корӣ иборатанд, муаррифӣ гардиданд.
Панҷ корхонаи дигар - «Сифат Саноат» ва «Гулдастон» аз Душанбе, «Нассоҷи Хуҷанд» аз Хуҷанд, «КОТА Глобал» аз Бохтар ва ҳамкори нави МТБ – «Ботур» аз Конибодом ба ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳ барои шиносоӣ бо бозори нассоҷиву дӯзандагии Қазоқистон шомиланд.
«Central Asia Fashion» яке аз куҳантарин намоишгоҳҳои муд дар Осиёи Марказӣ буда, соле ду маротиба доир мегардад. Он ба ҳайси пойгоҳи муҳиме барои барқарории тамосҳои тиҷоратӣ, имконияти хубе барои тарғибу муаррифии маҳсулот ва намоиши он ба тамошобинони касбӣ аз тамоми минтақа шинохта шудааст.
С. Ашӯрова