Дар асоси фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 10 августи соли 2022 дар Тоҷикистон Ҳафтаи ҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии кӯдакон таҳти шиори "Занҷираи гарми дастгирӣ барои синамаконӣ" гузаронда мешавад, иттилоъ доданд аз Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Дар иртибот ба ин аз ҷониби Лоиҳаи USAID "Модари солим, кӯдаки солим" ва Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим" ролики иҷтимоии таблиғотӣ вобаста ба моҳияти шири модар барои кӯдак таҳия гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳамасола аз 1 то 7 август дар беш аз 170 кишвари ҷаҳон Ҳафтаи ҷаҳонии синамконӣ баргузор мегардад, ки ҳадафи он тарғиб, ҳифз ва дастгирии синамаконӣ мебошад. Дар Тоҷикистон 36 % кӯдакон бо синамаконӣ фаро гирифта шудаанд, ки сабаби онро дар зиёд шудани таблиғоти шири сунъӣ, ки метавонад бо таркиби хеш- шири модарро иваз намояд, медонанд.
Гуфта мешавад, ки шири модар лейкотситҳо ва як қатор омилҳои зиддисироятӣ дорад, ки кӯдакро аз бемориҳо ҳифз карда, дорои антителоҳои муҳофизатӣ бар зидди бемориҳои сироятӣ мебошад. Шири модар ба таври худ табиӣ, нодир ва беҳамтост, гуфта мешавад дар ролики тарғиботӣ, ки дар он вобаста ба моҳияти шири модар барои кӯдак маълумоти муфид гирд оварда шудааст.
С. Ашӯрова