Шоми дирӯз дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе маросими кушодашавии XII-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасони то 16-сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва варзишгарон аз ҳафт кишвари ҷаҳон - Қазоқистон, Узбекистон, Покистон, Қирғизистон, Шветсия, Россия ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то 6 август идома меёбад.
Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 ба тақвими чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардид. Ин имкон медиҳад, ки нуфузи мусобиқа дар арсаи байналмилалӣ баланд гардида, шумораи хоҳишмандон барои иштирок дар он бештар шавад.
Манбаъ: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
С. Ашӯрова