Дар даври сеюми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Ченнаии Ҳиндустон ҷараён дорад, дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба шоҳмот ба пирӯзии аввал ноил гардид, хабар доданд аз Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон.
Надежда Антонова, Сабрина Абророва, Рухшона Саидова ва Мутриба Ҳотамӣ бар ҳарифони худ аз дастаи Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 4:0 дастболо шуданд.
Пас аз 3 давр тими мунтахаби бонувони Тоҷикистон бо касби 1 имтиёз байни 163 даста зинаи 115-умро ишғол мекунад.
Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби яккачини Барбадос қувваозмоӣ мекунад.
Мунтахаби мардони Тоҷикистон оид ба шоҳмот пас аз ду пирӯзӣ аз тими Словакия бо ҳисоби 0,5 : 2,5 шикаст хӯрда, дар мақоми 55-ум қарор дорад.
С. Ашӯрова