Бонувон дар иҷрои вазифаҳои роҳбарӣ ва дигар масъулиятҳои бар зиммадоштаашон нисбат ба мардон масъулияти бештар эҳсос мекунанд. Аз ин лиҳоз, дар соҳае, ки бонувон роҳбариро бар уҳда доранд, ҳолатҳои қонуншиканиҳо камтар мушоҳида мешавад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ аз шумораи умумии аҳолии вилояти Хатлон зиёда аз 1 миллиону 875 ҳазор нафари онҳоро бонувон ташкил медиҳанд, ки ин 42,8% аҳолиро ташкил медиҳад.
Айни замон аз ҳисоби бонувон 24 нафар ё 34,7 % вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, 343 ё худ 37% вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 3037 нафар вакилони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд, ки ин 42,8% вакилони маҳаллиро ташкил медиҳад.
Қайд гардид, ки вобаста ба моҳияти ҳузури бештари бонувон дар вазифаҳои роҳбарӣ ва татбиқи ҳадафмандонаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва барномаву стратегияҳои давлатӣ дар ин самт ба тасвиб расида, сол аз сол шумораи Квотаҳои президентӣ барои таҳсили духтарон дар муассисаҳои олии кишвар зиёд гардида, ҳамзамон, ҷиҳати фаъолгардонии онҳо дар истеҳсолот мебояд маблағҳои грантиро барои рушди соҳибкории занон афзоиш дод.
Раиси вилоят ҳамчунин иброз дошт, ки тибқи дурнамо давоми 5 соли оянда дар вилояти Хатлон 700 адад корхонаю коргоҳҳои саноатӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешаванд. Тӯли 6 моҳи соли равон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 57 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 1050 ҷойи кор ба истифода дода шудааст.
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ, Хатлон