27 июли соли равон зимни нишасти матбуотии Муассисаи таълимии ғайридавлатии Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон ректори донишкада Зарина Ибодзода оид ба фаъолияти шаш моҳаи муассиса маълумот дода, иброз дошт, ки дар донишкада 5 факултет фаъолият дорад, ки 153 нафар омӯзгорон ба 940 нафар донишҷӯён дарс мегӯянд. 72 нафари омӯзгоронро бонувон ташкил медиҳанд, ки аз ин 9 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мебаранд. Шумораи духтарон дар муассиса 355 нафарро ташкил медиҳад.
Қайд гардид, ки дар донишкада донишҷӯён аз кишвари Ҳиндустон, Ӯзбекистон низ таҳсил менамоянд. Раёсати донишкада ба донишҷӯёни эҳтиёҷманд имтиёзҳо дода, ба маблағи шартномаи се нафар донишҷӯ сабукӣ доданд.
Ёдовар мешавем, ки Муассисаи таълимии ғайридавлатии Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон соли 2020 ба фаъолият шурўъ кардааст.
Фарзона