Дар Мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе 23-юми июли соли равон маросими ҷамъбастии озмун барои соҳиб шудан ба аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода, дигар масъулини соҳаи маориф, омӯзгорон, падару модарон ва довталабони озмун ширкат варзиданд, хабар доданд аз дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми љумҳурӣ.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар озмуни имсола, ки рӯзҳои 21 - 22-юми июл баргузор гардид, 45 нафар довталаб аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуда, аз ин шумора 30 нафари онҳо соҳиби аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра гардид.
Дар натиља хонандагони шаҳри Душанбе сазовори 13 медали тилло, хонандагони вилояти Суғд сазовори 7 медали тилло ва 1 нуқра, хонандагони вилояти Хатлон сазовори 6 медали тилло ва 1 нуқра ва хонандагон шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 1 медали тилло ва 1 нуқра гардиданд.
Дар мешавем, ки соли равон аз тарафи раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта 144 нафар довталаб ба озмуни аттестати аълои равияи универсалӣ, табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло ва нуқра пешниҳод гардиданд, ки аз ин шумора 45 нафари онҳо (5 нафар аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло, 11 нафар аттестати аъло бо медали тиллои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, 26 нафар аттестати аъло бо медали тиллои равияи табиӣ-риёзӣ ва 3 -нафар аттестати аъло бо медали нуқраи равияи табиӣ-риёзӣ) барои иштирок дар озмуни мазкур роҳ ёфт.
С. Ашӯрова