Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар Конфедератсияи Швейтсария бо намояндаи аршади Бахши ҳифзи ҳуқуқи занони Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон, хонум Ханна Ву мулоқот намуданд.
Нахуст У. Бобозода дар бораи сиёсати гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои занон ва масоили зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта гузашта, аз ҷумла иброз доштанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои зикргардида таваҷҷуҳи хосса дода мешавад.
Зимни вохӯрӣ инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар бахши занон, ноил гардидани Ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми А тибқи Принсипҳои Париж мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Хонум Ву иброз дошт, ки сохторҳои онҳо омодаанд бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои мухталифи ҳуқуқу озодиҳои занон ва умуман дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҳамкориҳоро тақвият бахшанд.
Манбаъ: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ