Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймумин Раҳимов 5180 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд, ки аз он 172 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Аз 349 омӯзгор 75 нафар бонувон мебошанд ва сафи бонувон дар ин таълимгоҳ рӯ ба афзоиш дорад, - иттилоъ дод зимни нишасти матбуотии донишкада ректори донишгоҳ Шодӣ Сафаров.
Духтарон ва бонувони донишкада баробари ҷавонписарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла, дар Чемпионати Осиё оид ба кураш, ки рӯзҳои 22 – 23 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, омӯзгори кафедраи варзиши сабук Мавлуда Асламова дар вазни 87 кг сазовори ҷойи 3-юм ва донишҷӯи бахши дуюми шуъбаи фосилавӣ Фазилат Гулбоева дар вазни 57 кг сазовори ҷойи 2-юми мусобиқа гардиданд.
Дар Мусобиқаи гӯштии миллӣ, ки бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид, беш аз 20 нафар донишҷӯёни донишкада дар 7 - 6 вазн (писарон) ва 1 вазн бонувон ширкат намуда, сазовори ҷойҳои 1-ум ва 2-юм шуданд.
Д. Сафаров