Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 июл зимни нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигори маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» посух гуфта, аз ҷумла афзуд, ки бо сабаби зиёд гардидани пошхӯрии оилаҳо, ки яке аз омилҳои асосии он омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавист, соатҳои дарсии фанни «Маърифати оиладорӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар оянда бештар хоҳад шуд. Зеро дар баробари волидон омӯзгорон низ саъю талош меварзанд, ки хонандагони синфҳои болоӣ оид ба паҳлуҳои муҳими маърифати оиладорӣ, ба ҳаёти мустақилона омода будани ҷавонон ва соҳибкасб гардидани онҳо бо донишҳои васеъ фаро гирифта шаванд.
Ёдовар мешавем, ки соатҳои дарсии фанни «Маърифати оиладорӣ» дар мактабҳои ҷумҳурӣ дар як ҳафта 1 соат дар синфҳои 11 таълим дода мешавад.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ норасоии 3400 омӯзгор ба қайд гирифта шуда, 1980 нафар омӯзгор ғайриихтисос фаъолият доранд.
С. Ашӯрова