Аз ҷониби мутахассисони Озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ дар шаш моҳи соли равон ҳамагӣ 562 ҳазору 368 адад ташхисҳои маҳсулоти озуқаворӣ гузаронда шуд ва тибқи талаботҳои байторию беҳдоштӣ маҳсулоти ба истеъмол ҷавобгӯ набуда, аз қабили 27 661 кг маҳсулоти гӯштӣ, 6 380 л маҳсулоти ширӣ, 846 л равғани рустанӣ, 17 017 дона тухми паранда, 513 кг моҳӣ, 235 кг асал, 2 151 кг маҳсулоти намакӣ, 3 181 кг меваи хушк, 56 604 ҳазор кг меваю сабзавот ва 4 707 кг маҳсулоти полезӣ ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян ва аз фурӯш боздошт ва нобуд карда шуданд, дар ин бора Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 июл, зимни нишастии матбуотии ин ниҳод хабар дод.
Ҳамчунин қайд гардид, ки нисбати бемории ангалӣ (паразитӣ) 1 711 ҳодиса муайян карда шуд, ки дар натиҷа 8 938 кг маҳсулоти гӯштӣ ва узвҳои дохила бекор дониста, нобуд карда шуданд.
С. Ашӯрова