Фарангис Шарифзода (Шарипова Фарангис Худоиевна) духтари олими шинохтаи тоҷик, профессор Худоӣ Шарифзода, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июли соли равон директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар». Фарангис Шарифзода аввалин занест, ки дар таърихи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ директории ин муассисаи илмию тадқиқотӣ таъйин шуд. Ӯ омӯзгор, забоншинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор буда, 10-уми октябри 1970 ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1992) ва аспирантураи ҳамин донишгоҳ (2001) мебошад. Аз соли 2001 устоди кафедраи таърихи забон ва типология Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз феврали соли 2006 сардори департаменти забони англисии Донишгоҳи гуманитарии байналмилалӣ, аз сентябри соли 2006 сардори департаменти филологияи тоҷик ва журналистикаи ҳамин донишгоҳ, аз августи соли 2007 проректори аввал оид ба корҳои таълими Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон, аз октябри соли 2009 дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз соли 2010 докторанти кафедраи мазкур буд ва айни замон профессори ҳамин кафедра аст. Мавсуф муаллифи мақолаҳои илмӣ ва оммавии бешумор аст, ки дар китобу маҷаллаҳои илмӣ ва рӯзномаҳо чоп шудаанд. Осори илмии ӯ: «Хусусиятҳои вожагонии «Кашф-ул-маҳҷуб»-и Ҳуҷвирӣ (Душанбе: Ирфон, 2011.- 140 с.), Муқаддима ва баргардони китоби «Забони паҳлавӣ» (Душанбе, 2011.- 140 с.), “Назарияи сохтори ҷумла” (Душанбе, 2013.- 220 с.) ва ғайра. Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АМИТ соли 1932 таъсис ёфта, олимони номваре чун Муллоҷон Фозилов, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, Холиқ Мирзозода, Носирҷон Маъсумӣ, Абдуқодир Маниёзов, Додихудо Саймиддинов, Сайфиддин Назарзода, Акбари Турсун, Носирҷон Салимӣ сарвари он буданд. То Фарангис Шарифзода дар ин вазифа Боймурод Шарифзода фаъолият дошт, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 13 июли соли равон бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод карда шуд. С. Ашӯрова