Аз 329 нафар кормандони Сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои молияи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 55 нафарашон бонувон мебошанд, ки аз ин теъдод 6 нафарашон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ фаъолият доранд. Итминон меравад, ки дар солҳои наздик шумораи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони кордон афзоиш хоҳад ёфт. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Иззатуллозода Ҳабибулло, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳои буҷети маҳаллӣ аз рӯи континенти умумӣ ба андозаи 101% ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба 103 дарсад таъмин гардида, ба буҷет 812,3 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 21,2млн, сомонӣ ва дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 69,7 млн. сомонӣ зиёд аст.
Зимни посух ба суолҳои рӯзноманигорон масъулони сарраёсати молияи вилояти Хатлон иброз доштанд, ки тибқи ҳисоботҳои пешакӣ маблағи рухсатии меҳнатии омӯзгорон 152,7 млн. сомониро ташкил дода, то имрӯз 89,7 млн. сомонӣ ё 59%-и ин маблағ пардохт гардидааст. Зикр гардид, ки бо дарназардошти воридоти маблағҳо то охири моҳи ҳисоботӣ маблағҳои рухсатии меҳнатии омӯзгорон пурра пардохт карда мешавад.
Вобаста ба омодагии муассисаҳои таълимӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 бо Қарори раиси вилояти Хатлон дар буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои соҳаи маориф 10,4 млн.сомонӣ, соҳаи тандурустӣ 1,4 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Бояд гуфт, ки ҳаҷми маблағҳои барои соҳаи маориф ва тандурустӣ равонагардида, нисбат ба соли гузашта 1,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
вилоят Хатлон