Муассисаҳои нашриявии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар 6 моҳи соли 2022 дар маҷмуъ 70 номгӯи китоб бо теъдоди 82350 нусха ба табъ расонидаанд, ки назар ба соли 2021 чанд маротиба зиёдтар мебошад, хабар дод вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Зулфия Давлатзода, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод, ки 12 июли соли равон баргузор шуд.
Гуфта шуд, ки Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» бо мақсади мукаммал ва ғанӣ гардондани фонди китобхонаҳо аз 1 то 17 марти соли равон дар 15 шаҳру ноҳияи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаракати фаҳангии «Корвони китоб» роҳандозӣ гардид. Ҳаракати дуюми «Корвони китоб» аз 16 то 21 май ба ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Нуробод ва Сангвор бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ сурат гирифт. Дар ин давра, махзани китобхонаҳои марказонидашудаи шаҳру ноҳияҳои зикршуда дар маҷмуъ бо 8 ҳазору 972 нусха китоб ғанӣ гардонда шуд.
Ҳамчунин, дар ин давра рӯнамоии силсилаи китоби 50-ҷилдаи «Ахтарони адаб» ва 23 номгӯи китобҳои тозанашри адибони муосири тоҷик, ки тавассути нашриёти «Адиб» аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидаанд, роҳандозӣ гардида, ҳамчунин шоҳасари адабиёти классикии тоҷику форс «Маснавии Маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ бо такмилу тасҳеҳ ва бо ороиши наву муосир бо теъдоди 10 000 нусха нашр гардидааст.
Зикр гардид, ки барои аз байн бурдани норасоии китобҳои дарсии тахассусии мусиқӣ ва санъат дар муассисаҳои таълимӣ ва мактабҳои мусиқӣ ва санъати бачагонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 номгӯи китобҳои таълимӣ бо теъдоди 3750 адад таҳия ва чоп шуда, барои истифода ба муассисаҳои таълимии тахассусӣ ирсол карда шудааст.
Боиси тазаккур аст, ки дар тобеияти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ 11 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 3 мактаби олӣ, 6 коллеҷ, 2 мактаб-интернати махсусгардондашудаи мусиқӣ ва санъат ва 1 Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот фаъолият менамояд.
Ситора Ашӯрова