Бо мақсади муаррифии санъати касбии миллӣ ҳунармандони театрҳои кишвар дар 6 моҳи аввали соли равон дар 6 ҷашнвораи байналмилалӣ иштирок намуданд, иттилоъ дод вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Зулфия Давлатзода, зимни нишасти хабарии вазорат, ки 12 июли соли ҷорӣ баргузор гардид.
Аз ҷумла, ҳайати эҷодии Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бо намоиши «Фирдавсӣ» ва театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ бо намоиши «Лаъли Бадахшон» дар 40-умин Фестивали байналмилалии театрии «Фаҷр»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Ҷумҳурии Туркия, Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский дар Фестивали байналмилалии театрҳои русӣ дар шаҳрҳои Саранск ва Тамбови Федератсияи Россия ва Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе дар Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтаки «Перекрёсток»-и шаҳри Новосибирск, Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи К. Хуҷандии шаҳри Хуҷанд дар Фестивали байналмилалии «Смоленский ковчег» дар шаҳри Смоленск ширкат варзида, инчунин сафари ҳунарии Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вуқуъ пайваст.
Дар маҷмуъ, дар шашмоҳаи аввали соли 2022 дар театрҳои касбии кишвар 28 асари нав саҳнавӣ гардида, аз ин шумора дар театрҳои пойтахт 8 намоиш ва дар театрҳои музофотӣ 20 намоиш рӯи саҳна омад.
Ситора Ашӯрова