Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон 1-уми июн дар шаҳри Бохтар Ҳамоиши бошукӯҳ баргузор гардид, ки дар он тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ, муҳассилини синфҳои ибтидоӣ иштирок намуда, дастовардҳои эҷодиву ҳунарҳои гуногуни дар боғчаву таълимгоҳҳо ноил гардидаи худро манзури меҳмонон гардонданд.
Маросими расмии бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдаконро бо сухани табрикотӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки дар муҳити солиму беҳтарин шароитҳо ба таълиму тарбия фаро гирифтани наслҳои ояндаи мамлакат пайваста дар маркази диққати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо қарор дорад.
Бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан, кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили ройгон, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷои кор ва беҳтар намудани вазъи моддии кӯдакон то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати кишвар тадбирҳои зиёде андешида шудааст. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо комиссия ва сохтор оид ба ҳуқуқи кӯдак фаъолият карда истодаанд, ки аз таваҷҷуҳи махсуси Роҳбари давлат ба соҳаи мазкур шаҳодат медиҳад.
Дар идомаи чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии муҳофизати кӯдакон аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ғолибони Озмунҳои адабиву ҳунарӣ ва пешоҳангони мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ Ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки аз 21 апрел то 31 май дар вилояти Хатлон таҳти унвони “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ, маърифативу баргузор гардида буд, ки дар ин рӯз ғолибону иштирокчиёни фаъоли он аз ҷониби мақомоти иҷроияии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд.
Дар идомаи ҳамоиш ба ифтихори Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон дар майдони нишони давлатии шаҳри Бохтар, аҳли фарҳанг дар якҷоягӣ бо маҳфилҳои ҳунармандони наврас барномаҳои мусиқӣ ва саҳнаҳои аз афсонаҳои халқӣ омода намудаи худро пешкаши тамошонгарон гардонданд.