1 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе натиҷаи тадқиқоти муайян намудани афзалиятҳои медиавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо» муаррифӣ гардид.
Тадқиқоти мазкур лоиҳаи муштараки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Медиа консалтинг» (Машварати расонавӣ) буда, моҳҳои январ – февлали соли 2022 аз ҷониби Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» гузаронида шудааст. Дар маҷмуъ, дар он 2 500 ҳазор нафар посухдиҳандагон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Аз рӯи раддабандӣ аз ҳама маҷаллаи серхонандатарин - «Бонувони Тоҷикистон» (84,5%) мебошад. Маҷаллаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дин ва ҷомеа» (9,8%) дар мавқеи дуюм истода, дар ҷойи сеюм маҷаллаи Вазорати фарҳанг бо номи «Фирӯза» (8,9%) ва маҷаллаи «Хорпуштак» (1,2%) дар мавқеи чаҳорум қарор гирифтанд.