Дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки 6 - 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, шоми 6 июн дар Боғи фарҳангу фароғати «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт Фестивали оби Душанбе гузаронида мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳадафи асосии баргузории Фестивали оби Душанбе баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи арзиши об ҳамчун сарвати ҳаётан муҳим, аҳамияти муносибати эҳтиёткорона ба об ва ҳифзи он барои наслҳои оянда мебошад.
Баргузории фестивал ба муаррифии сиёсат ва таҷрибаи Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешрафта дар пешбурди масоили об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ равона шудааст. Дар барномаи он намоиши ҳунарҳои миллӣ ва эҷодиёти мардум, таомҳои миллии тоҷикон ва дигар кишварҳои ҷаҳон, навъҳои гуногуни оби ошомиданӣ, барномаи консертӣ бо иштироки устодони варзида ва санъаткорони шинохтаи кишвар пешбинӣ шудааст.