Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар "Майдони 800-солагии Москва"-и пойтахт даври шаҳрии Фестивали "Сад ранги чакан" доир гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти МИҲД-и шаҳри Душанбе, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, собиқадорон, фаъолзанон, чеварону ҳунармандон аз ноҳияҳои пойтахт ширкат варзиданд.
Фестивал аз бахшҳои гуногун - намоиши либосҳои қадимии чакан, либосҳои кудакона пӯшокҳои ҳаррӯза, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ ва намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ иборат буд, ки аз ҷониби занону бонувони пойтахт пешниҳоди тамошобинон гардид.Иштирокчиёни чорабинӣ бо сипоснома ва туҳфахҳои хотиравии МИҲД-и шаҳри Душанбе сарфароз гардонда шуданд.
Ҳамзамон, дар фестифали мазкур ҳунармандону санъаткорон бо барномаи фарҳангию фароғатӣ хотири тамошогаронро шод гардонданд.
Манбаъ: Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе