23 май дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят барои соли хониши 2021 - 2022 баргузор шуд, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуоти раиси вилоят.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ботантана ба 130 нафар донишҷӯёну магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят стипендияи Раиси вилоятро супорида, муҳассилинро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуд.
Алҳол дар вилоят 7 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият доранд, ки дар ин муассисаҳо аз рўи 130 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад. Дар соли хониши 2021-2022 шумораи умумии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят, дар маҷмуъ беш аз 69 ҳазору 936 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар ҳудуди вилоят 943 нафар магистранту аспирантон ба таҳсилу таҳқиқ машғуланд. Аз 367 нафар довталабон 130 нафар донишҷӯёну магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят ба гирифтани стипендияи Раиси вилоят аз ҷониби комиссия интихоб ва пешбарӣ шуданд.