Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018 - 2028 ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2023 Мина Гули — шаҳрванди Австралия тасмим гирифтааст дар Тоҷикистон марафони дав баргузор кунад, дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Субҳи имрӯз, 16 май марафони аввали шаҳрванди Австралия дар Тоҷикистон дар самти Панҷакент – Айнӣ – Душанбе, дар масофаи 42 километр оғоз гардид. Муҳлати марафони дав дар Тоҷикистон аз 15 май то 10 июнро дар бар мегирад. Дар ин муддат Мина Гули дар 11 марафони дав 458,2 километрро тай карда, аз захираҳои оби Тоҷикистон, аз ҷумла кӯли Сарез, пиряхи Федченко, неругоҳҳои барқи обии “Роғун”, “Норак” ва маконҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан ва дар Конфронси 2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 (6 - 8 июн) ширкат мекунад.
Мина Гули ва ҳамроҳонашро 15 май дар сарҳади Тоҷикистон бо Узбекистон дар шаҳри Панҷакент масъулини Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати нақлиёт, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Панҷакент пешвоз гирифтанд.
Мина Гули тоҷирзани австралиягӣ буда, дар бахши муҳити зист фаъол аст. Директори генералии Фонди “Thirst”, ки дар самти таблиғи сарфаи об фаъолият мекунад, мебошад.
Соли 2012 Мина Гули Фонди “Thirst” таъсис дод, ки ба ҷавонон сарфаи обро тарғиб мекунад.