11 май дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон «Tajikistan Fashion Week» бо намоиши коллексияҳои нави яке аз тарроҳони шинохта ва муваффақи тоҷик Умед Кучкалиев, ки чакан ва нақшу нигори миллиро дар бар мегирад, ифтитоҳ ёфт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Фасли ҳаштуми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон «Tajikistan Fashion Week» бо ибтикори иттиҳодияи эҷодии «T&Z» ва дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022 - 2026 гузаронда шуд.
Қабл аз маросими оғози «Tajikistan Fashion Week» сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Малика Ёрбобоева дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод, ки фасли ҳаштуми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон ба пахтаи тоҷик ва матоъҳои сирф аз пахта истеҳсолшаванда бахшида мешавад.
Дар чорабинӣ дар радифи тарроҳони ватанӣ тарроҳон аз Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Фаронса ва Марокаш, дар маҷмуъ беш аз 20 нафар коллексияҳои нави худро пешкаши дӯстдорони олами муд менамоянд. Дар доираи «Tajikistan Fashion Week» ҳафт нафар тарроҳони шинохтаи тоҷик - Умед Кучкалиев, Гугуш Ашӯрова, Сулҳия Ғуломова, Фария Саидова, Малика Ёрбобоева, Вайс Асоев ва ороишоти миллии бренди Гулнур низ ба намоиш гузошта мешаванд.
Ҳамзамон интизор меравад, ки дар «Tajikistan Fashion Week» ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ, ки ба истеҳсоли либос ва пойафзол машғул буда, брендҳои онҳо хеле маъмул аст, назири «mimya»-и Туркия ва «LORIBLU»-и Италия, инчунин роҳбарону масъулини ҳафтаҳои мӯди кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар меҳмонону дӯстдорони олами муд иштирок намоянд.
Дар доираи Ҳафтаи муди «Tajikistan Fashion Week» миёни сад нафар тарроҳони ҷавон озмуни маҳорат гузаронида шуда, аз онҳо беш аз 30 нафар интихоб гардиданд, то дар рӯзи дуюми ҳафтаи муд коллексияву истеъдоду маҳорати зебоиофарии худро, ки аз матоъҳои пахтагӣ ва миллӣ-анъанавӣ дӯхта шудаанд, ба намоиш гузоранд.
Ҳафтаи муди «Tajikistan Fashion Week» то 12 май идома меёбад.