Дар шаҳри Хоруғ бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хатмкардагони курси омӯзишии дуалии «Зан — сарвар» ва зинаи магистратураи хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ вохӯрӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар вохӯрӣ Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Сомон Исматзода, намояндагони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодону кормандони Академия ва дастгоҳи раиси ВМКБ иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш зиёда аз 90 нафар хатмкардагони курси омӯзишии дуалӣ аз рӯи барномаи «Зан – сарвар» ва зинаи магистратураи Академия аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи он иштирок доштанд.
Зикр гардид, ки ҷавонони вилоят сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хуб дарк карда, дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, омодаанд, ки бо тамоми неру аз дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, арзишҳои волои миллӣ, номусу шараф ва хоки муқаддаси Ватан дифоъ намоянд.