Мусобиқаи ҷумҳуриявии Ҷоми Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон санаи 7 - 9 май дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.
Мусобиқа бо ташаббуси Федератсияи тенниси рӯи мизи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардид.
Мусобиқа ба таври инфиродӣ миёни мардҳо ва занон сурат гирифта, дар он 56 варзишгар – 32 мард, 24 зан аз тамоми ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Миёни мардҳо ҷои якумро Афзал Маҳмудов (Суғд) сазовор шуд. Ҷои дуюм насиби Убайдулло Султонов (Душанбе), ҷои сеюм насиби Муҳаммад Зоҳидов (Суғд) гардид. Миёни бонувон Манижа Самадова (Душанбе) ғолиб шуд. Ӯ дар сабқати ниҳоӣ бар Сабрина Муродӣ (Суғд) пирӯз гардид. Ҷои сеюмро Меҳринисо Шарипова (Хатлон-2) ишғол намуд.
Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, Раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода, узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Ҳакимзода, Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода иштирок карданд.
Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо ҷом, медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои пулӣ аз ҷониби Федератсияи тенниси рӯи мизи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.