8-уми май дар шаҳри Истанбули Туркия маросими кушодашавии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон доир шуд.
Дар чемпионат шумораи рекордии 310 варзишгар бо намояндагӣ аз 73 федератсияи миллӣ дар 12 категорияи вазнӣ муҳориба хоҳанд кард.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфуз чор нафар – Сумайя Қосимова (48кг), Руҳафзо Ҳақназарова (50кг), Миҷгона Самадова (57кг) ва Шоира Зулқайнарова (63кг) намояндагӣ мекунанд.
Сумайя Қосимова дар асоси қуръакашӣ аввалин муҳорибаашро 10 май зидди Севда Асенова аз Булғория анҷом медиҳад. Дар вазни 48 кг 32 нафар барои унвони чемпионӣ талош мекунанд.
Ҳарифи Руҳафзо Ҳақназарова - Айда Санталла аз Боливия мебошад. Муҳорибаи онҳо 12 май сурат мегирад. Дар вазни 50 кг ҳамроҳи Руҳафзо 29 нафари дигар кӯшиши чемпиони ҷаҳон шуданро мекунанд.
Миҷгона Самадова дар даври аввал озод аст. Ӯ дар даври дуюм 11 май бо ғолиби ҷуфти Йу Тинг-Линг (Тайпей) / Сзелин Гросӣ (Фаронса) муҳориба мекунад. Дар вазни 57 кг 36 нафар барои ҷоизаҳо талош мекунанд.
Шоира Зулқайнарова низ 11 май ба ринг мебарояд. Ҳарифаш Ҷ. Ноура аз Кувайт мебошад. Дар вазни 63 кг ҳамагӣ 26 нафар ба қайд гирифта шудаанд.
Манбаъ: Кумитаи милии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон