Аз 11 то 14 майи соли 2022 дар Тоҷикистон Фестивали байналмилалии “Рақс моро муттаҳид менамояд” бо иштироки ҳайатҳои ҳунарии кишварҳои Ҳиндустон, Қазоқистон Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маросими ифтитоҳи фестивал санаи 11 май, соати 18.00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор гардида, барномаи ҳунарии кишварҳои иштирокчӣ рӯзҳои 12 май дар шаҳри Норак ва 13 май дар шаҳри Ҳисор идома меёбад.
Фестивали мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, мақсади он таҳкиму густариши робитаҳои судманди фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ, табодули таҷриба ва дар ин замина муаррифии ҳарчи бештари санъату ҳунари миллӣ мебошад.